Боздиди Пешвои миллат аз Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, вусъати корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳру навоҳии Бадахшон, нуктаҳои муҳим аз нишастҳои матбуотии раҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, паёмадҳои тағйироти иқлим ва гармшавии ҳаво ба иқтисоди Тоҷикистон ва болоравии нархи маҳслуоти кишоварзӣ аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 4 август мақолае бо номи “Хоруғ. Баракати истиқлол чун рӯз равшан мешавад” чоп карда менависад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳру навоҳии Бадахшон, таваҷҷуҳи махсус доранд. Маҳз бо супориши Сарвари давлат лоиҳакашии сохтмони роҳ аз сарҳади ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон оғоз гардида, барои сохтмони он, аллакай, маблағ дарёфт гардидааст. Инчунин барои аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои маркази вилоят сохтмони нақб дар масофаи 7,7 километр аз маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ то деҳаи Бидурди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо сарфи 1 миллиарду сесад миллион сомонӣ дар назар аст. Амалисозии лоиҳаи сохтмони шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон 2,5 миллиард сомониро ташкил дода, марҳилаи аввали кор дар ин қитъа оғоз ёфт. Сохтмони кӯпруки шаҳри Хоруғ, ки дар натиҷаи сӯхтор хароб гашта буд, шуруъ гардида, бунёди пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Дашти Поён аз моҳи сентябр оғоз меёбад. Таъкид мешавад, ки дар умум барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум айни замон амалисозии 50 лоиҳаи сармоягузорӣ барои созмон додани корхонаву коргоҳҳои хурду миёна дар шаҳри Хоруғ дар нақша гирфита шудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае бо номи “Пӯсти чорво.Чаро миллионҳо сомониро ба партовгоҳҳо мепартоем?!” нашр карда менависад, ки дар шашмоҳаи соли равон 2 221 тонна пӯсти чорво ба маблағи 2 млн. 66 ҳазор доллар ба хориҷа ҳамчун ашёи хом содирот гаштааст. Аммо дар ин муддат дар дохили кишвар 404 тонна пӯст коркард шудааст, ки дар муқоиса ба 2221 тонна пӯсти содиротгардида хеле кам аст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки айни замон дар кишвар 4 корхонаи коркарди пӯст фаъолият дошта, инчунин 15 коргоҳи дигар пойафзол истеҳсол менамояд. Дар ҳамин ҳол тибқи омори расмӣ соли 2021-ум дар Тоҷикистон зиёда аз як миллион пойафзоли гуногун, аз ҷумла 310 ҳазор ҷуфт чармӣ, истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки талаботи солонаи аҳолии кишвар ба пойафзол зиёда аз 50 миллион ҷуфтро ташкил медиҳад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 4 август гузорише аз маҷлиси фаъолони вилояти Суғд дар масъалаи натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ чоп кардааст. Ба навишати муаллиф зимни ин ҷаласа камбудиву норасоиҳои ҷиддии масъулини сохторҳо ва якчанд шаҳру ноҳияҳо маълум гардид. Бахусус, бар асари риоя нашудани сохтори кишти зироатҳо нақшаи кишти картошка иҷро нагардид. Ба ҷои 18 ҳазору 500 гектари муқарраркарда 16 ҳазору 271 гектар кишт шудааст. Ин ҷиҳат сабабгори дар бозорҳои вилоят якбора боло рафтани нархи картошка гардид. Инчунин имсол низ чун солҳои пешин кирмакпарварон ба нокомӣ дучор шудаанд. Сабаби инро Раҷаббой Аҳмадзода дар ворид намудани тухми бесифати кирмак донистааст. – Соли равон нақшаи истеҳсоли пилла 400 тонна муқаррар гардида, то ба ҳол дар вилоят 146 тонна пилла истеҳсол шудааст, — изҳори нигаронӣ кардааст Раҷаббой Аҳмадзода. Ҳамчунин дар ҷаласа дар масъалаи пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ баррасӣ шудааст, ки ба 64 млн. сомонӣ расидааст. Сабаби ин ҳолат рӯирост саркашӣ кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ гуфта шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3–уми август дар сармақолаи худ зер унвони “Нархҳои дандоншикан” савол гузоштааст, масъулин мегӯянд, ки истеҳсол зиёд шуд, пас оморҳо воқеист ё танҳо дар рӯи коғаз? Ба навишати муаллиф тибқи оморҳои расмӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,2 % рушд кардааст, аммо ин нишондод дар шароити обу ҳавои мусоид ва заминҳои ҳосилхези Тоҷикистон қонеъкунанда нест. Барои мисол тибқи оморҳо истеҳсоли тарбуз ва харбуза 7.6% зиёд шудааст, аммо нархи он низ 50% боло рафтааст.
Ба хулосаи муаллиф оби дари хона қадр надорад ва чашмонамон сӯи ҳамсоякишварҳои Чину Покистон чор аст, ки кай картошкаву пиёзу себу дигар анвои меваҷот вориди бозорҳоямон месозанд. Чӣ магар ҳамеша ба умеди дигарон мемонем? – суол кардааст дар фарҷом муаллифи матлаб.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз қавли Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 250 ҳолат мавриди хушунати занон аллайҳи мардон сабт шудааст. Ба иттилои номбурда дар ин муддат дар умум 1523 шикояти шаҳрвандон аз хушунат ва зуроварӣ сабт шудааст, ки 1273 ҳолати он шикояти занон аз хушунати оилавӣ будааст. Ба таъкиди Қурбонзода бо мақсади ҳалли мушкилот аз ҷониби кумитаи кор бо занон ва оила суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаҳо ва ҳамсоягони онҳо гузаронида шуд, то аз пошхӯрии хонаводаҳо пешгирӣ карда шавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 август мақолае бо номи “Паёмади гармӣ” навиштааст, ки гармии тоқатфарсои тобистони имсол дар кишварҳои Осиёи марказӣ, метавонад камбуди нерӯи барқро дар минтақа ба бор оварад. Ба навиштаи муаллиф дар даҳаи охири моҳи июл масрафи нерӯи барқ дар Ӯзбекистон 6%, Қирғизистон 17.2% ва дар Тоҷикистон 2% афзоиш ёфт. Аз ҷумла рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон 72.2 млн. кв/соат барқ масраф шуд, ки ба гуфтаи масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ин нишондод дар гузашта собиқа надошт. Дар ҳамин ҳол нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, ки идомаи гармоиши ҳаво ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки содироти нерӯи барқро дар тобистон ба маротиб афзоиш диҳад, зеро кишвари мо аз назари захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум қарор дорад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре масъалаи истеҳсоли биринҷ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки дар кишвар солона наздики 100 ҳазор тонна биринҷ истеҳсол мешавад ва дар ин замина Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа дар мақоми чорум қарор дорад. Аммо ба гуфтаи муаллиф аз назари ҳосилнокии биринҷ аз ҳар гектар, ки ба 45 сентнер баробар аст, Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ пешсаф аст. Ҳамзамон муаллиф дар идома таъкид кардааст, ки тайи як соли охир нархи биринҷӣ воридотӣ ва инчунин ватанӣ афзоиш ёфта, аз 12 то 27 сомонӣ барои 1 кг-ро ташкил медиҳад.
Масъалаи дигаре, ки муаллиф дар миён матраҳ кардааст, он аст, ки истеҳсолгарони биринҷ ба фарқ аз дигар кишоварзон ба таври изофӣ андози 6 фоиза пардохт мекунанд ва ин ҳолат яке аз сабабҳои болоравии нахри биринҷ дониста мешавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 4 август дар мақолаи таҳлилие тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф менависад бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, 70 дарсади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, бахши кишоварзӣ аз ҳама бештар аз тағйирёбии иқлим зарар мебинад. Ба унвони мисол тибқи пажӯҳиши муҳаққиқон тайи 80 соли охир 35 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи Помир бар асари гармшавии ҷаҳонии ҳарорати ҳаво об шудаанд. Инчунин имрӯз суръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ҳар сол тахминан 1 фоизро ташкил медиҳад ва бо ин суръат то охири асри 21 об шудани ҳамаи пиряхҳои кишвар аз эҳтимол дур нест.
Давлатов О.
Радиои “Тоҷикистон”