Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 2-уми августи соли равон тахминан соати 14:40 дақиқа як сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳия худро ба оби Сурхоб андохтаву даст ба худкушӣ задааст. Сабаби амали ин ҷавон маълум нест.
Гуфта мешавад, баъди роҳандозии корҳои наҷот имдодгарони КҲФ ҷасади ӯро 20 километр дуртар аз маҳалли ҳодиса, дар соҳили дарёи Сурхоб пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ҳамчунин КҲФ аз чандин ҳодисаҳои табиӣ дар чанд рӯзи гузашта низ хабар додааст, аз 2-уми августи соли 2022 соати 18:20 бар асари боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддат дар қаламрави деҳаи Миндонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел омадааст.
Ин сел роҳи байни деҳаҳои ҷамоат ва замини наздиҳавлигии нуқтаи хидматрасонии тиббиро аз лою лойқаву сангу сангреза пур кард ва қисман зарар расонд. Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои офат ва муайян намудани заррари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Барои рафъи оқибатҳо техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб шуда, корҳо дар ин самт индома доранд. Ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.
Рӯзи 3-уми август як сокини ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми тоза намудани зарфи оҳании корхонаи ҶДММ “ҒАЛЛА” воқеъ дар кӯчаи Зебуннисо-12 ноҳияи Шоҳмансур ба дохили он афтода, ба ҳалокат расидааст.
Ин зарфи оҳанӣ 20 метр баландӣ доштааст ва шаҳрванд ҳангоми тоза кардани он қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва дар дохили он сарозер шудааст.
Ба иттилои манбаъ, баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо соати 16:13 дақиқа ҷасади ҷавонро аз дохили зарфи бузург берун оварданд ва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.