Чаро пиряхҳои Яғноб таназзул мекунанд?

Ҳавзаи д. Фон ё ин, ки Фондарё яке аз калонтарин ҳавзаҳои водии Зарафшон ба ҳисоб рафта, 3210 км2 масоҳатро ишғол менамояд, ки он 26,1% ҳавзаи д. Зарафшонро дар бар мегирад. Дар навбати худ ҳавзаи д. Фондарё аз якчанд зерҳавза: Кумарғ, Хширтоб, Ровзир (Пете), Репефт, Яфуч, Чори, Обихушк, Пасруддарё, Искандардарё ва Яғноб иборат аст. Дар наздикии деҳаи Такфон, ки тақрибан 7-километрии поёноби деҳаи Анзоб ҷойгир аст, ба шоҳроҳи М34 -и Душанбе–Хуҷанд аз рост (шарқ) роҳи дараҷаи сеюм ҳамроҳ мешавад. Воқеан деҳаи Такфон ва шаҳраки Сарвода низ дар водии Яғноб ҷойгир шудаанд.

Дар мавзеи Зарафшон-1 дарёи Яғноб ба дарёи Искандарё пайваст шуда, дар натиҷаи он дарёи Фандарё ба вуҷуд меояд. Дар ҳавзаи Фондарё ҷамоати шаҳраки Сарвода ва ҷамоати деҳаи Анзоб ҷойгир шудаанд. Дар сафари хизматӣ бештар ба ҳавзаи дарёи Яғноб, ки яке аз калонтарин ҳавзаҳо дар ҳавзаи Фондарё ба ҳисоб рафта, дар баробари ин хеле дар сатҳи паст омухта шудааст, диққати бештар дода шуд.

  Ҷамоати деҳоти Анзоб дар умум аз 23 деҳа иборат аст, ки шумораи аҳолии он дар соли 2021 анқариб ба 9500 нафар мерасид. Ҷамоати деҳоти Анзоб ҳавзаҳои дарёҳои Ремон (дар соҳили рости д. Яғноб), Ҷиҷикруд ва Ғабирудро (дар соҳили чапи д. Яғноб) дар бар мегирад.

Ҳавзаи дарёи Ремон дар соҳили рости дарёи Яғноб, дар қарибии резиш ба дарёи Фон, яке шохобҳои калони соҳили чапи д. Зарафшон, бо масоҳати 83,7 км2 ҷойгир шудааст. Масоҳати ин ҳавза 2,6 % -и масоҳати ҳавзаи д. Фон ва 5,1 % масоҳати ҳавзаи д. Яғнобро ташкил медиҳад.

Дарёи Ремон ҳамагӣ 6,9 км тулоният дошта, аз 4 шохоб иборат аст. Аз соҳили чап танҳо шохоби Қуттикалон ба д. Ремон мерезанд, шохобҳои Шутки, Пишанза ва Новисиминч бошад аз соҳили рост ба ин дарё мерезанд.

Дар ҳавзаи д. Ремон деҳаҳои Такфон, Симинч (Дуоба), Ремон ва Пишанза ҷойгир шудаанд, ки онҳо ба ҷамоати деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ дохил мешаванд.

Водии Яғноб бо сабабҳои гуногун ҳанӯз дар охири асти IX [2] ва оғози асри ХХ дар маркази диққати муҳаққиқон буд. Ин пеш аз ҳама агар бо макони забони бостонии суғдӣ будани ин водӣ вобаста бошад, аммо оғоз аз миёнаи асри гузашта ба водӣ чун маҳали сайёҳӣ таваҷҷӯҳ кардашуда буд [3]. Қабл аз оғзи таҳқиқоти географии маҳал маънои калимаи “Яғноб”, яъне топонимикаи мавзеъро мушаххас кардем.

Суғдшиноси шинохта А. Хромов шакли аввалаи вожаи Яғнобро дар “ихиноу” донистааст. Дар забони яғнобӣ “ихи” –ях ва “ноу” маънои дараро дорад. Пас, “ихиноу” маънои дараи яхинро дорад. Дар топонимияи гузашта номи як қисми дарё ё шохоби он ба қисмҳои дигари он (ва ё тамоми дарё) як ҳодисаи умумӣ ва маъмул аст. Аз ин рӯ тахмин кардан мумкин аст, ки шояд зери таъсири ин ном (“Ихиноу”) ё бевосита тамоми водӣ (дара) ба худ номи Яхдараро гирифта бошад. Сонитар зери таъсири забони тоҷикӣ “Ихиноб” ба “Яхнов” ва “Яхнов” ба Яғноб яъне ба яхоб бадал шудааст [1, с. 17].

Дар дохили деҳаи Ремон ду дарё, яке бо номи Шутки, аз соҳили рост ва дигаре аз соҳили чап бо номи Қуттикалон ба ҳам омада, дарё номи Ремонро мегирад. Поёнтар аз деҳаи Ремон, аз дохили деҳаи Пишанза дарёи бо ҳамин ном аз соҳили рост ҷорӣ шуда дар деҳаи хурдаке, ки Дуоба ва ё Дуобаи Симич ҳам мегуянд ба он ҳамроҳ мешавад. Лекин дарё то резиш ба дарёи Яғноб бо номи Ремон меравад. Роҳи мошингард поёнтар – то ҷое, ки саргаҳи дарёи Ремон аст меравад.

Хатсайри мо бояд қад-қади дарёи Шутки рафта, аввал ба кӯли Шутқи, ки дар харитаҳо ном надорад, мерафт. Баъд, ба ағбаи Хширтоб, ки баландиаш 4036 метр аст (бо GPS-навигатор ва харитаи топографӣ), гузашта, ба кӯли Хширтоб, аз он қад-қади дарёи Хширтоб фаромада ба Яғноб мебарад.

Аз деҳаи Ремон ба суи ағбаи Хширтоб бо ду пайроҳа рафтан имконпазир аст. Якум – бо соҳили рост, қади д.Шутки баромада то ба кӯли Шутки, ки дар баландии 3370 м ҷойгир аст, меравад, сипас ба дасти чап (самти шарқ) гардиш хурда, тахмин 900 м қуталро баромада, ба қуллаи ағбаи Хширтоб мебарад.

Роҳи дувум ба ағбаи Хширтоб, ин бо соҳили чапи шохоби д. Ремон, д. Кутикалон баромада, дар охирон молҷой (кутан), ки дар соҳили рости он воқеъ аст, мебарад. Ин роҳ дар аввал бо соҳили чап, қад-қади ҷуе, ки заминҳои деҳаи Ремон аз он об мегирад, рафта, пас ба соҳили рости дарё, ба самти бошишгоҳи саҳроӣ боло мешавад. То бошишгоҳи саҳроӣ роҳи кӯҳии хеле моилии баланддошта мебарад. Аз он бошишгоҳи саҳроӣ то ба молҷое, ки дар охири дара ҷойгир аст, рафта аз он ба самти шимол баромада (тахмин 1,2 км барозии вазнин) сипас боз ба маҷрои д. Шутқи фаромад,а ба самти ҷанубу-шарқ ҳаракат карда, ба кӯли Шутқи рафтан лозим меояд.

Дар аввал пайроҳаи калоне бо моилии зиёд ба самти ҷануб, ба болои деҳаи Ремон мебарад ва сипас ба шарқ тоб хурда, болотар аз соҳили дарё то хело баланди бо ҳамин соҳил меравад. Аз ин дарё як ҷуи калоне бо соҳили чап канда бурда шуда буд, ки он заминҳои дар соҳили чапи дарё чайгирбударо об медиҳад ва то поёни деҳаи Ремон оби он меравад.

Хатсайри мо қад-қади ин ҷуй то саргаҳаш тахмин 5 км бо соҳили чап рафта, баъд ба соҳили рост гузашта қади як пайроҳаи кӯҳии хело камбар баромадан зарур меояд. Тахмин 3 км бо пайроҳаи моилиаш баланд, ба як бошишгоҳи саҳроӣ дар баландии 3000 -3100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда мебарад. Пас аз ин бошишгоҳ боз 2 км бо роҳи баландӣ вазнин, то ба бошишгоҳи саҳроӣ дигар рафтан лозим меояд.

Аҷоиби кор дар он буд, ки қариб дар қисми бештари ин ҳавза, аниқтараш дар тамоми ҳавзаи д. Кутикалон алоқаи мобилиӣ (Tcell) устувор аст.

Аз аввал, тибқи пайроҳаи дар харита нишондодашуда чунин ҳисоб карда будем, ки агар бо пайроҳае, ки қад-қади дарёи Шитки меравад, равем, аз соати 4-30 пагоҳ то соати 10-11 бояд ба ағбаи Хширтоб расем. Лекин бо дигар роҳ, ки хело барозии зиёд дошт, омадем ва ин нақша тамоман ботил баромад ва гуруҳ соати 13 ба ағбаи якум, ки Шутки ном дорад, расид.

Баъди машаққати зиёд дар нимпайраҳаи аз сангпораву шахпораҳо иборат, поён фаромада, гуруҳ соати 14-25 ба назди кӯли Шутқи расид (расми 4).

Кӯлро аз ҷанубу-шарқ шахи баланду васеъ, ки болояшро пиряхе пушидашуда, дар шарқ ағбаи Хширтоб, аз ғарб ағбаи Шутки ва дар шимол сарбанди дар натиҷаи лағзиши кӯҳпора пайдошуда иҳота мекунад. Сарбанди кӯл дар натиҷаи аз ду тараф лағжидани куҳпораҳо ба амал омада, маълум аст, ки пештар об пуршуда аз болои сарбанд ҷорӣ мешудааст. Он сарчашмаи д. Шутқи ба ҳисоб меравад. Айни замон оби кӯл аз болои сарбанд ҷорӣ нашуда аз зери он мегузашт ва 200 м поёнтар аз кӯл аз зери сарбанд ба берун баромад, ҷорӣ мешавад.

Дар соати 15-00 санаи 12.07.2022, ки мо он ҷо қарор доштем ва ҳаво софу офтоби буд қисми зиёди кӯл бо як пушида шуда ва як қисми ин ях дар ҳаракат буд. Дар қисм ҷанубии кӯл, ки онро девораи баланди кӯҳи амӯдии маҳкам карда боқимондаҳои пиряхе мехобид, ки қисме аз он шикаста ба боли кӯл ғалтида буд. Ин пораи калони пирях об нашуда беҳаракат дар гушаи кӯл мехобид.

Ғафсии яхи дар болои кӯл ҳаракаткунанда 30-40 см буда ғафсии яхи беҳаракати аз пирях кандашуда то 4-5 м мерасад. Дар зери об чи қадари он хобида аст, мутаасифона, муайян кардани он ғайриимкон буд. Ҳарорати об хело сард буда, дар соати 15-00 +4-+5оС- ро ташкил медиҳад.

Кӯл доирашакл буда дар баландии 3770 м аз сатҳи баҳр қарор дошт. Ба кӯл аз ҷанубу-шарқ дарёчае аз ҳисоби пиряхи болои кӯҳ хобида ҷорӣ шуда ба кӯл мерезад. Ба ғайр аз он аз ҳисоби барфҳои дар болои қуллаҳои кӯлро аз ҷануб ва ҷанубу-ғарб иҳотакарда хобида обҳо ҷорӣ шуда ба кӯл мерехтанд. Инчунин шаршарае аз ҷануб, аз шахи баландиаш тахмин 150-160 м ба боли кӯл мешорид. Оби он баъзан аз ҳисоби суръати шамол то ба кӯл нарасида дар нимароҳ бухор шуда ба боло мерафт.

Дар қисми ғарбии он яке аз пайроҳаҳои ағбаи Шутқи ва дар қисми шарқиаш бошад пайроҳаи ағбаи Хширтоб ҷой дорад. Роҳи ағбаи Хширтоб хело моилии баланд дошта қисман барфпӯш буд ва пайроҳаро қариб, ки дидан намешуд.

Ағбаи Хширтоб дар қисми шарқии кӯли Шутқи ва аз сатҳи дар баландии 260 м, ҷойгир шуда буд.

Баромадан ба он хело мушкил буда дар қарибии ағба аз ҳисоби барфи ағба ва обшавии барфҳо замин мулоим шуда қадаммони хело мушкил буд, зеро ҳар қадами монда ба лой меғутид. Ғафсии барф дар болои ағба то ба 60-70 см мерасид. Ҷой-ҷой аз ҳисоби ҷоришавии об аз болои барфҳои дар ағба хобида ба замини кишт шабоҳат дошт. Дар ҷойҳои пастбарфии он баъзан санг ва замини зери он намоян буд, ки мо барои осонтар қадам мондан қади он мерафтем. Барф дар ҷойҳое, ки пурра офтобрас ва баъзан дар ҷойҳои шамолпаноҳи ағба пурра об шуда буд.

Хобиши барф аз ҳарду тарафи ағбаи Хширтоб қариб баробар тақсим шуда буд. Дар қисми ғарбии он дарозии замини барфпуш пароканда буда 50-70 м ва дар қисми шарқи бошад замин яксон барфпуш буда паҳноиаш 80-100 м ро ташкил медод. Соати 17 мо ба сари ағбаи Хширтоб баромадем.

Дар сари ағба як эҳсосоти ҳайраттангезе шахсро аз табиати зебои кӯҳистони атроф фаро мегирад. Дар атроф куҳҳои сарбафалаккашидаи қисман барфпуш бо қуллаҳои найзашакли, ки ҷо ҷое абрҳоро дар гирдашон ба мисли кӯлоҳ нигоҳ медоштан ба назар мерасиданд. Кӯли Шутқин дар сари ағба ба назар намерасид, лекин дар шарқ бо ранги кабуди осмонранги ғайриоддӣ – кӯли Хширтоб намоён буд.

Роҳи қисми шарқии ағба аз сари он то ба кӯл дар вақти мо дар он ҷо будан бисёр мураккаб аст. Аз як тараф мукилии роҳгарди аз болои барфи сари ағба бошад аз тарафи дигар аз ҳисоби барфҳои обшуда замини зери барф мулом гашта хело дар болои он роҳгарди мушкил буд.

Мо, ки барои сабуктар баромадан ба болои ағба аз аввал пойафзоли сабук (кроссовка) доштем, то гузаштан аз болои ағба ва расидан ба роҳи сахт чанд маротиба дар зери обу лой монда, бо машаққате барои худ роҳ мекушодем.

Кӯл дарозрӯя буда аз ғарб ба ҷанубу-шарқ тул мекашад. Обӣ он шаффоф буда то умқи 2-2,5 м ба дидан мумкин буд. Гирдогирди кӯлро барфҳо иҳота карда буданд. Ва ҳатто дар қисми ҷанубу-ғарбии он барфҳо то чанд метр дар дохили кӯл мехобиданд. Кӯл дар баландии 3900 м аз сатҳ қарор дошта масоҳаташ ба 13700 м2 баробар аст. Нисбат ба кӯли Шутқин кӯли Хширтоб 175 м баландтар ҷойгир шуда бошад ҳам ҳарорати оби он +14-+16оС ро ташкил медод. Кӯҳҳои атрофи он пасттар буда хело кушод буданд. Нури офтоб аз пагоҳи барвақт то ба ғуруб рафтан ба сатҳи ин кӯл мерасид. Дар қисми ҷанубу-шарқии пиряхи дарозрӯяи калоне мехобид. Ба ғайр аз он боқимондаҳои барфҳои зимистону баҳор борида, ки то ҳол об нашуда буданд ҷо-ҷое дар гирди кӯл мехобиданд.

Фарқияти дигари кӯли Хширтоб аз кӯли Шутқи дар он аст, ки оби ин кӯл аз болои сарбанд, ки дар қисми шимолиии он ҷойгир буд, тахмин 20 м масофаро тай намуда сипас ба нишебӣ сарозер мешорид.

Аз рӯи пайроҳаи дар харитаҳо нишондодашуда мо бояд дар шафати маҷрои дарёи Ҳазорчашма, ки аз кӯл берун меомад, мерафтем. Лекин дар асл аз шафати маҷро ба поён ҳаракат кардан ягон имкон надошт ва моилии он нишеби бештар аз 75о–ро ташкил медиҳад, ки он ҳам бошад барфпӯш буд. Барои ба дараи Ҳазорчашма фаромадан ба мо лозим омад аввал оҳиста тахмин 30-40 м роҳро дар даруни шахҳо ва дар болои барфҳо гузашта ва сипас аз болои сангрезаҳо, ки дар соҳили чапи дарё мехобиданд оҳиста оҳиста бо асоҳои бо худ гирифтаамон такя намуда ба поён фароем. Асоҳоро вақти аз ҷангалҳои дараи Куттикалон гузаштан гирифта будем, ки онҳо ба мо хело барои баромадан, фаромадан, гузаштан аз болои дарёву барфҳо хело ёрдам карданд.

Оби аз кӯл ба поён шоранда ки тахмин аз баландии 70-80 м ба поён мерезад, ба дохили барфтудаҳо (фирнаҳо) медарояд. Ва пас боз намоён шуда ва боз аз зери барфҳои дар қади дараи Ҳазрчашма хобида даромада, тахмин 4-5 км дар зери барфтудаҳо ҷорӣ мешуд. Ғафсии ин барфи дар қади дара хобида дар баъзе қисмҳо то ба 8-10 м мерасид.

Пиёдароҳа танҳо бо соҳили чапи д. Ҳазорчашма вуҷуд дошт. Аз соҳили рост ҳаракат кардан ягон имконият набуд, зеро он аз зери барфҳову шахҳои сарбафалаккашида, ки беш аз 300-400 м баланди доштанд, мегузашт. Дар болои ин кӯҳҳо пиряхҳои калону ғафсе мехобиданд, ки дар мавсими тобистон аз онҳо шаршараҳои азиме ба поён мешориданд. Ингуна шаршараҳоро мо беш аз 9 адад дар саргаҳи дараи Ҳазорчашма шуморидем.

Пайроҳае, ки мо бо он ба поён мефаромадем, хело мушкилгузар буда, дар аввал дар болои сангпораҳо, сони дар нишебие, ки хорзор буд ба поён мефаромадем. Хорзори дар нишебиҳои қисми шимолии қаторкӯҳи Зарафшон, дар ин минтақа ҷойдошта чунон зич аст, ки ҳар қадами ба замин монда ба болои он хор, ки онро чупонҳо ғузахор меноманд, мефаромад. Дар қисми аввали ин роҳ мушкилоти асосӣ мавҷудияти растаниҳои хордор аст.

Дар ҳақиқат номи дараву дарё, ки “Ҳазорчашма” аст, ба худаш мувофиқ мебошад. Чашмазор хело бисёр, ними кӯҳ марғузор буда, сари ҳар қадам аз он ғеҷида ғалтидан ва ё ба даруни об даромадан аз эҳтимол дур набуд. Мо ҳам 3-4 маротиба сахт ғеҷида ғалтидем. Ҳамин тариқ, соати 19-15 ба наздикии бошигоҳи саҳорӣ расидем, ки молҷой дар кӯҳсор буд. Мо шабро дар он гузаронидем. Ба гуфтаи чупонҳо дар мавсими имсола дар ин маҳал гургҳо хело зиёданд ва ба мол, сагҳо ва ҳатто ба одамон ҳуҷум мекунанд. Аллакай чанд гусфандҳо туъмаи онҳо шудаанд. Шаб дар бошишгоҳ хело сард буда, ҳарорат то +9°С фаромад.

Рӯзи дигар хатсайри мо қад-қади дарёи Хшитоб гузашта, моро ба деҳаи Хширтоб бурд. Роҳ мураккаб буда, барои сайёҳӣ номувофиқ аст.

Дар деҳаи Хшитоб гурӯҳи мо хайма зада, рузҳои боқимонда, таиат, обҳо ва захоири сайёҳии маҳалли атрофро таҳқиқ намуд.

Сафари хизматии мо дар ҳавзаи дарёи Фондарё-Яғноб имкон дод, ки мушҳидаҳои бевосита намуда, як қатор хулосаҳои ҷолиб ба даст оварем.

Дарёи Яғноб бо Искандардарё якҷоя шуда, Фондарё ном мегирад ва 2 километр то шаҳраки Айнӣ норасида бо дарёи Зарафшон якҷоя мешаванд. Дарозии умумии д. Яғноб бо д. Фондарё 140 километрро ташкил мекунад.

Дарёи Яғноб аз оби пиряхҳои нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Зарафшон ва пиряхҳои қисми шимолу-шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор ғизо мегирад. Вай аз дараи танги кӯҳӣ, дар канори ҷанубии кӯҳҳои Зарафшон аз шарқ ба ғарб самт дорад. Кӯҳҳои ҷануби водии Яғноб сарҳади байни вилояти Суғд дар шимол ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҷанубро ташкил медиҳанд. Дар масофаи 16 километр дуртар аз Марғиб роҳи мошингард ба охир мерасад. Аз деҳаи Анзоб ба самти болои водии Яғноб роҳи борик то деҳаи Марғеб мегузарад. Ин роҳ то пули болои д. Яғноб қисман мумфарш буда, баъд пурра хокпуш аст.

Ба деҳаҳои болооб, инчунин ба чарогоҳҳои қисми болоии водии Яғноб роҳи камбари хокпуш мебарад.

Дарозии умумии водии Яғноб 114 километр аст. Масоҳати ҳавзаи он 1660 км² мебошад. Қисми асосии оби он аз пиряхҳо сарчашма мегирад. Дар моҳҳои март ва апрел дарё лабрези об, яъне мавсими обхезӣ фаро мерасад. Сарфи миёнаи об дар баландии 8 км аз сарчашмааш 32 м3/с мебошад [4]. Аз миёнаҳои моҳи ноябр то аввали моҳи март дарё қисман ях мебандад.

Водии Яғноб 3 августи соли 2011, баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд гузашт.

Водии Яғноб яке аз объектҳои писандаи сайёҳони хориҷӣ аст.

Баъд аз води Яғноб ҳамчун парки миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон эътироф гардидан таваҷҷуҳ ба он зиёд гардид.

Дар водии Яғноб, дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) гарчанде як қатор корҳо анҷом дода шуда бошанд ҳам, аммо ҳаҷм ва фарогирии онҳо хело ночиз аст.

Дар водии Яғноб хоҷагии деҳқонии “Суғдиён” амал мекунад. Ин хоҷагӣ ба ҷониби деҳаи Қул 10 км роҳ кушода аст. Баъдан пули одамгузари деҳаи Пискон даҳанаи Қулро ба пули мошингузар табдил аст. Ин чораҳо барои ҷалби сайёҳон иқдоми қобили таҳсин аст.

Хусусияти дигари водии Яғноб ин аз гиёҳҳои шифоахш ғанӣ будани он аст. Дар асоси ин корхонаи фармасевтӣ-гиёҳдармонӣ бунёд кардан мумкин аст.

Дараи Яғноб яке аз мавзеҳои дорои табиати софу ҷолиб, макони обҳои мусаффо, чашмаҳои сероб, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноти гуногун, кӯҳу пуштаҳои сабзу хуррам буда, барои чорводорӣ ва картошкапарварӣ мувофиқтарин канори ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Водӣ, бемуҳобот, мавзейи истироҳативу сайёҳист.

Дар водии Яғноб канданиҳои фоиданоки зиёде, ба амсоли тилло, нуқра, сурма, ангишт ҳам ҳастанд. Дар айни замон дар ин ҷо кони ангишт аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ барои истифодаи дохилӣ истихроҷ мешавад.

Дар анҷом, натиҷаҳои сафари хизматӣ имконият медиҳанд, ки доир ба захираҳои обӣ ва сайёҳии маҳал чунин хулоса барорем.

1. Дар водии Яғноб захираҳои бузурги обӣ, дар шакли дарё бо шохобҳояш, пиряхҳо, кӯлҳо, чашмаҳои сард воқеъ аст.

2. Пиряхҳои водӣ дар зери таъсири тағйирёбии иқлим тахриб шуда, дар сатҳи то 30-35 фоиз паҳноӣ ва ҳаҷми онҳо коҳиш ёфтаанд.

3. Кӯлҳои водӣ асосан кӯлҳои пиряхӣ буда, ба гуруҳи кулҳои хурд шомиланд ва дар айни замон вобаста аз тахриби пиряхҳо рӯй ба заволанд.

4. Захираҳои сайёҳии водии Яғноб хело ғанӣ мебошанд. Онҳо гуруҳҳои зарфияти табиӣ (обу ҳаво, табиат, қуллаҳои баланди барфпӯш, растаниҳои шифобахш ва ғайра), этнографӣ (сокинони дорандаи забони қадими яғнобӣ, урфу одат ва унсурҳои қадимӣ ва ғайра) ва диниро (мазорҳои гуногун) дар бар мегиранд. Аммо амалан мавҷуд набудани инфрасохтори мутобиқ (роҳҳо, ошхонаву меҳмонхонаҳо, хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра), дастгирии иттилооти зарурӣ (роҳнамоҳо, хатсайрҳои аз ҷониби мутахасисон таҳияшуда, реклама, маъракаҳои тарғибӣ ва ғайра) ба ташкил ва рушди сайёҳӣ дар ин маҳал садди асосӣ мебошад.

Мутаассифона, барои рафъи проблемаҳо ва мушкилоти болозикр аз ҷониби сохторҳои марбута, бахши хусусӣ дар солҳои охир ягон чорабинии мушаххас ба назар намерасад.

Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавӣ зарур мешуморад, ки бояд захираҳои обии водии Яғноб зери назорати доимӣ қарор дода шаванд. Дар баробари ин, Шуъба омода аст, ки дар таъминоти иттилоотии ташкили сайёҳӣ дар водии Яғноб тавассути таҳия ва чопи роҳнамои сайёҳ саҳм гирад.

Адабиёт:

1. Аҳроров Ҳ., Холиқов Х. Табиат ва сарвати куҳсори Фон, Душанбе: Ирфон, 2014. -163 с.

2. Липский В. И. Горная Бухара, результаты трёхлетних путешествий в Среднюю Азию в 1896, 1897 и 1899 году. Часть 1. Гиссарская экспедиция, 1896 г. С. Петербург. ТипоЛитография «Гертольда». 1902. –316 с.

3. Пагануцци Н.В. Фанские горы и Ягноб. — М.: Физкультура и спорт, 1968. – 136 с.

4. Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ. Об, илм ва рушди устувор. Душанбе: Дониш, 2017.-342 с.

Бознашр аз www.anrt.tj