Саридораи геология дар нимсолаи аввали соли равон омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи ‘Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2021-2030’ амалӣ намуда, зерсохторҳои он корҳои оӯзиши геологиро аз рӯи 30 лоиҳа дар объектҳои металҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир ва нодирзаминӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расониданд.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иттилоъ медиҳад намуд ва ҳаҷми корҳои иктишофии гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ-398 км, аксбардории топографӣ,-7,5 км квадратӣ, аксбардории геологӣ- 91,11км квадратӣ, аксбардории гамма-спектрометрӣ- 700 нуқта, корҳои нақбканӣ, тозакунӣ ваҳуҷҷатгузории онҳо- 2748,16 метри кубӣ, маҳакбардорӣ ва коркарди онҳо- 1734 маҳак, сохтмон ва барқарокунии роҳ- 3834 метрри кубӣ, омодакунии майдончаҳои пармакунӣ – 217 метри кубӣ анҷом доданд.