Дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии ҶТ дар шаҳри Роғун сохтмони беш аз 110 иншооти таъиноаташон гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар аксар аз ин тарҳҳо имрӯзхо бо маром идома дорад, гуфтааст зимни нишасти хабарӣ Сунъатулло Саидзода- раиси шаҳри Роғун.
Ба таъкиди номбурда дар нақшаи иншооти ҷашнии ин шаҳр ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ бештар таваҷҷуҳ ва афзалият дода шудааст.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти мақомоти маҳал иттилоъ медиҳад, аз ҷамъи иншооти дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун бунёд меёфта, 8 адад аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, 19 адад аз буҷети маҳалу сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти дигар аз ҳисоби соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. Раҳмиддин Зайдов мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Роғун мегӯяд, ҷихати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ -саноатикунонии бо суръати кишвар дар ин рӯйхат бунёди 7 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Малоҳат Тоҳирова
радиои “Тоҷикистон”