Ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 675, 8 ҳазор гигакалория баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 42 ҳазор Гигакалория кам гардидааст. Ин нуктаро роҳбари ШСКХ “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба иттилои мавсуф камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ аз ҳисоби гарм омадани боду ҳаво, зиёд шудани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин, қариб як моҳ нисбати соли гузашта барвақт қатъ намудани фаъолияти марказҳо мебошад.”
Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2022 нисбати ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 141,6 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 1 млрд. 56,5 млн. кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 733,8 млн.кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 321,2 млн. кВт.соат содирот карда шуд”,- зикр дошт роҳбари ШСКХ “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ.