Акс: АМИТ “Ховар”
Зимни нишасти матбуотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба мақомоти мазкур 634 адад муросилоти воридотӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 105 адад аризаи шаҳрвандон, 353 адад мактубҳои воридотии аз ҷониби дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ворид шудаанд, 1 адад аз созмонҳои байналмиллалӣ, 9 адад созмонҳои ғайридавлатӣ, 26 адад хулоса ба лоиҳаи қонунҳои ҶТ ва қарорҳои аз ҶТ, 77 адад пешниҳодоти маълумотномаи ахбору гузоришҳо ва 64 адад санадҳо мебошанд.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар медиҳад, дар давраи ҳисоботӣ қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар дастгоҳи марказии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 264 ададро ташкил менамояд, ки аз онҳо 105 адад муроҷиатҳои шифоӣ, 3 адад муроҷиатҳои телефонӣ ва 3 адади дигар муроҷиатҳои электронӣ мебошад. Ба таъкиди масъулин, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 муроҷиат зиёд мебошад.
Малоҳат Тоҳирова,
радиои “Тоҷикистон”