Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо узви Шӯрои давлатӣ ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтугӯ намуд.
Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни мулоқот дар ҳошияи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар бесобиқа арзёбӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин раванд ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармояву технологияҳои пешрафтаи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди инфрасохтор ва ободонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот атрофи вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши амният мубодилаи афкор сурат гирифт.