AFC ҷадвали мусобиқаҳои бошгоҳҳоро барои мавсими 2023/2024 тасдиқ кард

Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз 1-уми август тақвими нави Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО-ро барои мависими 2023/2024-ро тасдиқ кард.

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 аз марҳилаи пешакӣ 18-августи соли 2023 оғоз гардида, даври гурӯҳӣ аз 18-сентябр то 13-декабри соли 2023 идома хоҳад ёфт. Даври плей-оффи Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё аз 12-уми феврал то 24-уми апрели соли 2024 ва баъдан ду бозии финалӣ 11-ум ва 18-уми май соли 2024 баргузор мешавад.

Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар мавсими 2023/2024 аз марҳилаи муқаддамотӣ 1 августи соли 2023 оғоз мешавад. Марҳилаи гурӯҳӣ аз 18-уми сентябр то 14-уми декабр идома меёбад. Сипас бозиҳои нимниҳоии минтақавӣ аз моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, бозии ниҳоӣ 5-майи соли 2024 баргузор мегардад.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон