Имрӯз бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – сарзамини обҳои шифобахш” доир гардида истодааст.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни баргузории Форуми байналмилалии мазкур иттилоъ медиҳад . Дар Форуми мазкур намояндагони вазорату идораҳо, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, ширкатҳои сайёҳии ватаниву ва ширкатҳои сайёҳии Россия, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар муассисаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ иштирок доранд. Дар назар аст, ки дар идомаи Форум бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни субъектҳои хизматрасонии ватанӣ ва кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасад.