Дар нимсолаи аввали соли равон олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд.
Дар ин хусус Президенти Академияи миллии илмхои кишвар Фарход Рахими имруз зимни нишасти хабари ба намояндагони расонахои ватани итилоъ дод.
Ба зикри Президенти Академия навъҳои нави хӯлаҳои алюминий бо мувофиқатии нодири мушаххасаҳои механикӣ ва физикӣ-химиявӣ ба вуҷуд оварда шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд.
Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ омода шуданд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”