АМИТ дар шаш моҳ аз рӯйи 111 мавзуъ корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ анҷом додааст

Дар нимсолаи якуми соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 111 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалиро анҷом додааст. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳодӣ илмӣ хабар дод.

Тавре зикр гардид ,натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, аз ҷумла:

Таҳқиқот дар соҳаи илми математика дар сатҳи баланд доир гардида, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 1390 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 70 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1320 мақолаи илмӣ, аз онҳо 1200 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 120 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ давлатҳои хориҷи дур ба нашр расидааст.

Ғайр аз ин, дар воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ) қариб 1000 мақолаи илмии оммавӣ низ ба нашр расонида шудааст.

Тавассути шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати АМИТ қариб 50 нафар корманди АМИТ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ бо сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд.