Аз 25-уми июл дар пойтахти Италия шаҳри Рим Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи озод миёни наврасони то 17-сола оғоз гардид. Мусобиқа то 31-уми июл идома меёбад. Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон ду паҳлавон — Алиризо Баҳромов дар вазни (71кг) ва Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни (80кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи мазкур 597-варзишгар (419-писар, 178-духтар) аз 54-кишвари рӯи ҷаҳон ширкат меварзанд.
Рақобатҳо рӯзи 25-июл бо гуштини тарзи юнонӣ-римӣ оғоз гардид. Аз 29-июл мусобиқа бо гуштини тарзи озод идома меёбад ва 31-июл ба анҷом мерасад.
Дар асоси барномаи мусобиқаи мазкур Муҳаммадамин 29-30 июл ва Алиризо 30-31 июл ба рақобат мепардозанд. Дар рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва дар рӯзи дуюм рақобатҳои финалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев ва дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн, Алиризо Баҳромов сазовори медали нуқра гардида буданд.
Дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон, варзишгарони Тоҷикистон ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон соли 2019 дар шаҳри Софияи Булғористон, аз намуди гуштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.