Ҳоким Холиқзода бо Сафири Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

27 июли соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи феълии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши минбаъдаи он табодули афкор намуданд.

Дар ин бора, Бонки миллии Тоҷикистон дода менависад, ки дар оғоз Ҳоким Холиқзода ба Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуда, таъкид бар он дошт, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла бо кишвари Ҷопон сол аз сол тақвият ёфта истодааст.