Хизматрасонии авиатсионӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст

ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 731 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 398,3 ҳазор мусофир ё 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Ин нуктаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати кишвар Дилшод Сафарзода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО кишвар иброз дошт. Ба зикри мавсуф ҳамзамон дар ин давра ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои худ парвозҳои мустақимро дар самти Душанбе-Внуково Москва – Душанбе ба роҳ монда, ҳамарӯза амалӣ намуда истодааст. ҶСК «Точик-Эйр 2 бошад, бинобар сабаби надоштани ҳавопаймои коршоям, дар ин давра ба мусофирон хизматрасонӣ накардааст.

Ҳамчунин вобаста ба вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷик –Эйр» дар нимсолаи аввали соли 2021 бо сабаби корношоям гардидани ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкат парвозҳо амалӣ нагардид, ки ин ба ҳолати молиявии Ҷамъият таъсири манфӣ расонид. Ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки аз моҳи августи соли равон парвозҳои худро ба самти Урумчии Хитой ва самти Минералние Води ба роҳ монад, чунин иттилоъ дод директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати кишвар Дилшод Сафарзода дар рафти нишасти матбуотии ин ниҳод.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”