Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд 363 089 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 290 фоиз зиёд мебошад.
Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни нишасти хабарӣ зикр намуд.
Ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки то имрӯз созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 12 мамлакат, аз қабили Аморати Мутаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия, Конфедератсияи Швейтсария, Франсия, Қувайт, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонида шуда, ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои зикргардида идома дорад.