Аз 15-ум то 24-уми июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони ШМА Чемпионати Ҷаҳон оид ба варзиши сабук баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 1700-варзишгар аз 179-кишвари ҷаҳон (илова бар тими гурезаҳо) дар Орегон рақобат намуданд, ки наздикии 150 000 мухлисон дар варзишгоҳ рақобатҳоро тамошо карданд. Бояд қайд намуд, ки дар Чемпионати Ҷаҳон-2022 се рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.
Шумораи давлатҳое, ки дар як чемпионат медалҳои тилло ба даст овардаанд ба 29-адад расид ва ин нишондод рекорд ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки соли 2017 ба ин мақом 26-кишвар расида буданд.
Дар Чемпионати Ҷаҳони соли 2022 81-давлат ба финали мусобиқаҳо расидаанд, ки аз ҳама бештар ба ҳисоб меравад. Соли 2019 дар Қатар дар шаҳри Доҳа 76-кишвар то ба финали Чемпионати Ҷаҳон расида буд. Кишварҳои Либерия, Нигер, Покистон, Самоа, Филиппин ва Гватемала бори аввал дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон ба финал баромаданд ва Перу, Қазоқистон ва Нигерия аввалин медали тилло ба даст оварданд.
Мунтахаби ШМА рекорди аз ҳама бештари медалҳоро дар як чемпионат шикаст, ки дар маҷмӯъ 33-медал, 13-тояш тилло ба даст овард.
Ин ҳисобро бо ба даст овардани ҳар се ҷои ифтихорӣ дар масофаҳои 100, 200 метр ва партоби гулӯла мустаҳкам кард. Дар ҳамин ҳол, Ямайка дар масофаи 100 метр байни занон ҳар се медалро сазовор шуд.
Рекордҳои ҷаҳонӣ аз Сидней Маклафлин дар давидан ба масофаи 400-метр (50,68 метр) ба қайд гирифта шуд. Тоби Амусан дар давидан ба масофаи 100-метр дар (12,12) ва Мондо Дуплантис дар ҷаҳиш бо ходачӯб (6,21 метр) нишондодҳои навро анҷом доданд.
13 рекорди чемпионат ва 30 баромади беҳтарин дар ҷаҳон.
3 рекорди ҷаҳонӣ, 19 рекорди минтақавӣ, 92 рекорди миллӣ, 1 рекорди ҷаҳонии U20.
Ҷумҳурии моро дар чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100-метр намояндагӣ кард.
Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28-нафар 9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум гардид. Дар даври дуюм миёни 57-нафар ҷойи 55-умро касб кард.
Бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3-медал дорад – 2-тилло, 1-нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.