Синамогарони тоҷику беларус филми ҳунарии “Норак”-ро таҳия мекунанд. Шарҳи муфассали нишасти матбуотии МД “Тоҷикфилм”

Коркард ва таҳияи филми ҳунарии “Норак” миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм” идома дошта, рӯйи навор омадани филми мазкур оғозбахши ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику беларус хоҳад шуд. – гуфта шуд дар нишасти хабарии МД “Тоҷикфилм”.
Директори МД ” Тоҷикфилм ” Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки муассиса дар таҳияи филмҳои ватанӣ пайваста талош дорад, зеро бочд филмҳоеро рӯйи навор биёрем, ки муаррифгари фарҳанги волои мардуми тоҷик бошад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки фаъолияти истеҳсолии муассиса дар ин давра таҳия ва наворбардории филмҳои “Наврӯзи деҳот”, “Хоҷа Машҳад”, “Шикасти фитна”, “Се рӯзи як баҳор”, “Бузи пармашох” ва шурӯи истеҳсоли қисмҳои боқимондаи филми тасвирии “Алифбо”-ро дар бар гирифта, давраи омодагӣ барои филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” ва филми кӯтоҳи ҳунарии “Се хоҳаракон” оғоз гардида, банаворгирии филмҳо дар нимсолаи дуюм дар назар дошта шудааст. Коркарди таҳия ва наворбардории филми мустанади “Тоҷикон” коргардон Рустам Шоазимов, филми ҳунарии “Решаҳо” коргардон Файзулло Файз идома дошта, дар давраҳои минбаъда филмҳои мазкур рӯйи навор хоҳанд омад.
Ҳамкориҳо бо “Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” идома дошта, лоиҳаи филми ҳуҷҷатии “Кӯзаҳо” барои иштирок дар питчинг ба озмуни ин студияи номдор ирсол карда шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД ” Тоҷикфилм” инчунин баён дошт, ки иштироки филмофарони ҷавони кишвар дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар шаш моҳи охир назаррас буд. Аз ҷумла дар ин давра филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё миёни 50 филм аз кишварҳои олам, ки аз 19-ум то 25-уми майи соли 2022 дар Лондон баргузор гардид, иштирок намуда сазовори ҷоизаи интихоби тамошобинон гардид.
Ҳамзамон, филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд” коргардон Муъмин Латифӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо дониста шуд. Аз ҷумла, дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона”-ро ба даст овард.
Филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов дар синамоҷашнвораи филмҳои мусулмонии Қазон ки аз 7-ум то 11-уми сентябр баргузор мегардад, пазируфта шуда, дар озмуни филмҳо барои ҷоизаи аввал мубориза хоҳад бурд.
Гуфта шуд, еи дар ҷумҳурӣ 29 кинотеатр бо 6618 ҷой мавҷуд буда, дар назар аст, ки 5 кинотеатри вилоятҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муассиса таъмиру азнавсозӣ гарданд.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”