Акс аз Вазорати нақлиёт
Рӯзи 25-уми июли соли равон Вазири нақлиёти кишвар Азим Имброҳим бо намояндагони ширкати Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture-и Ҷумҳурии Халқии Корея ҷанубӣ вохӯри намудааст.
Тавре сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаи омода намудани тарҳи пули 760 метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи автомобилгарди лоиҳаи Роғун –Обигарм-Нуробод, ки аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, мавриди муҳокима қарор гирифта оид ба он қарордод ба имзо расонда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот қайд гардидааст, ки сохтмони пул бо равишҳо пешниҳоди молиявӣ барои интихоби кушодашавии хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асоснокунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ оид ба тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.
Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки таҷдид ва азнавсозии роҳи Роғун Обигарм – Нуробод ба маблағи 123 498 586,95 доллари ИМА оғоз гардида, татбиқи лоиҳа 31-уми январи соли 2020 оғоз гардид ва анҷоми он 31-уми декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст.
Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+ 217 км) роҳи асосии Обигарм Тагикамар – иборат мебошад. Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷудбуда ва 1 пули муваққатӣ ташкил медиҳад.