Барои муроҷиати электронии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ сомонаи нав фаъол гардид

Акнун шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати аз сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳалли зисти худ қаноатманд набудан ва ё ҳал нашудани мушкилоташон дар муассисаи тиббии ҷои истиқомат,  арзу шикоят ва пешниҳодоти худро ба воситаи сомонаи grm.tj ирсол намоянд.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар дода, шарҳ медиҳад, ки  дар доираи рушди ҳукумати электронӣ, бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сомона -платформаи электронии муроҷиати шаҳрвандон роҳандозӣ гардид. Ин барнома дар доираи фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ба хотири фаъолияти самаранок дар ин самт барои шуъбаи умумии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо),таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуданд. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ, тариқи зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Ҳамзамон ин  марказҳо бо таҷҳизот ва хати телефонӣ барои муроҷиатҳои шифоҳие, ки ба система ворид карда мешаванд, таъмин шудааст. Лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд шаҳрвандон инчунин имкон доранд бо нишониҳои зерин  муроҷиат кунанд:

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  шаҳри Душанбе

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:    +992 446 10 33 44

Почтаи электронӣ:    info@grm.tj

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:      +992 446 10 33 11

Почтаи электронӣ:    khatlon@grm.tj

Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд, шаҳри Бустон

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:  +992 446 10 33 88

Почтаи электронӣ:    sugd@grm.tj

Раёсати хадамот дар Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон (ВМКБ)

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон:  +992 446 10 88 22

Почтаи электронӣ:    gbao@grm.tj

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи электронӣ: grm.tj

Рақами телефон: +992 446 10 77 11

Почтаи электронӣ:    moh@grm.tj