Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муъминҷон Юлдошевро ба ҳузур пазируфтааст.
Дар ин бора маркази матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дода менависад, ки раиси вилоят вобаста ба имкониятҳои вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то имрўз соҳибкорони тоҷику ӯзбек як қатор тарҳҳои муштаракро амалӣ намудаанд. Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.
Ба иттилои манбаъ Муъминҷон Юлдошев аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ карда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.