Олимони астрофизикҳои тоҷик якҷо бо 22 расадхонаи астрономии ҷаҳон афрўзиши ситораи v627 дар бурҷи фарасро мушоҳида карданд

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муддати чанд сол аст, ки ба омўзиши ситораҳои дучандаи зич дар марҳилаҳои дертари таҳаввули ситораҳо, дар мафҳум ситораҳои фавқулнав машғул мебошад. Дар ин ҷодда, мушоҳидаҳои ситораи V627 дар бурҷи Фарас иҷро гардид.

Дар ин бора сомонаи расмии АМИТ хабар дода, муаллифони ин хабарнома Қоҳирова Гулчеҳра ва Фируза Раҳматуллоева менависанд, ки “Олимони Институти астрофизика муштарак бо олимони 22 расадхонаи астрономии пешбари ҷаҳонӣ афрўзиши ситораи V627-ро соли 2021 дар расадхонаи Санглох ба анҷом расониданд. Мақсади мушоҳидаҳо омўзиши хусусиятҳои фавқутафрўзиши ситораи V627 дар соли 2021 нисбат ба муқоисаи ин фавқутафрўзиш бо ҳодисаҳои маълуми қаблии солҳои 1942, 2010 ва 2014 равона гардидааст. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки ситораи V627 фавқутафрўзишаш рў а хомўши оварда истодааст”.

Гуфтаи манбаъ, олимон тахминан фарз менамоянд, ки ситора мафҳуми энергияшро сарф карда истодааст ва шояд дар тули даҳҳо ҳазорсолаҳо ба як ситораи фавқутазим табдил ёбад. Ин дастоварди назаррас, ки барои пайдоиш, таҳаввул ва ба итмом расидани “ҳаёт”-и ситораҳо хело муҳим мебошад, ба таври як мақолаи мукаммал бо олимони астрофизикҳои Ҷопон, Словакия, ИМА, Фаронса ва ғ. барои нашр дар маҷаллаи Publications of the Astronomical Society of Japan омода гардид. Боиси ифтихор аст, ки олимони Тоҷикистон дар чунин маъракаи илмии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд ва ин нишондоди он мебошад, ки саҳми олимони Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ арзанда ҳисобида, эътироф гардидааст.