Ҳамлагари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдулфаттоҳ Худойдодзода фаъолияти футболбозиашро дар ҳайати бошгоҳи футболи «Динамо-Брест» идома медиҳад.
Абдулфатоҳ бо дастаи «Динамо-Брест» барои якуним сол шартнома ба имзо расонд. Қаблан Худойдодзода дар ҳайати дастаи «Динамо»-и шаҳри Душанбе бозӣ мекард. Соли қаблӣ ӯ беҳтарин голзани Лигаи аввали Тоҷикистон гардида буд.
Пас аз даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии Белоруссия-2022 бошгоҳи нави Абдулфаттоҳ Худойдодзода аз миёни шонздаҳ даста дар ҷойи 15-ум қарор дорад.