Акс аз КҲФ
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар нишасти матбуотӣ ин ниҳод дар бораи мавзеъҳои хатарнок дар қаламрави кишвар омори ҷадид ироа кард. Муайян гардидааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 мавзеъҳои хавфнок вуҷуд доранд, ки дар ҳудуди онҳо 72 ҳазору 629 хоҷагӣ ва 391 ҳазору 304 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Вай ба он таъкид кард, ки қисми зиёди ин мавзеъҳо ба селҳо ва обхезиҳо осебпазиранд.
Ҳамчунин Рустма Назарзода гуфт дар ин шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шудааст. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар қиёс ба солҳои пеш мавзеъҳои осебпазир барои аҳолӣ кам шудаанд ва сабабаш он аст, ки тадриҷан аҳолӣ аз ин гуна мавзеъҳои ба маконҳои амн кӯчонида мешаванд.
Генерал Назарзода ҳамчунин илова кард, ки бо мақсади иҷрои банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №648 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» рӯйхати аниқшудаи 221 хоҷагиҳое, ки дар соли 2022 бояд аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд, муайян карда шуда, бо Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 8 июни соли 2022 тасдиқ карда шуд. Тибқи он бояд аз ВМКБ 7 хоҷагӣ; дар қаламрави вилояти Суғд 60 хоҷагӣ; вилояти Хатлон – 88 ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 66 хоҷагӣ ба макони амн кӯчонда шаванд.