Ба гуфтаи ректори донишкадаи мазкур Жило Гулназар натиҷаи давраи фаъоли сесияю имтиҳоноти тобистона нишон додааст, ки сатҳи донишазхудкунӣ дар давраи ҳисоботӣ 52 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,4 фисад зиёд мебошад.
Ба таъкиди Жило Гулназар масъалаи муҳиму меҳварӣ дар самти таълими фаъолияти ДДЗТ ба номи С.Улуғзода сатҳи дониш азхудкунии донишҷӯён мебошад.
Тавре ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова аз ҷараёни нишасти матбуотии донишкада иттилоъ медиҳад, дар давраи ҳисоботӣ Шурои диссертатсионӣ аз рўи ихтисосҳои забоншиносӣ, назарияи забон ва типалогияи муќоисавии забонҳо фаъолиятро шурўъ намудааст, ки аллакай 8 ҷаласаи шуро доир гардида, 6 нафар унвонҷу барои ҳимояи рисолаи номзадии худ иҷозат гирифтаанд.
Малоҳат Тоҳирова
радиои “Тоҷикистон”