АКС аз www.vkd.tj
19 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 (2021-13878) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 396 ҷиноят кам мебошад.
Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8 ҳазору 316 (2021-9253) ҷиноят ошкор карда шудааст.
Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 22 (2021-20), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 64 (2021-62), таҷовуз ба номус – 16 (2021-16), савдои одамон – 8 (2021-6), роҳзанӣ – 21 (2021-18), ғоратгарӣ – 65 (2021-75), дуздӣ – 2858 (2021-3566), қаллобӣ – 1144 (2021-1481), авбошӣ – 544 (2021-510), тамаъҷӯӣ 20 (2021-25), ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор – 223 (2021-257) ҳолат ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1 ҳазору 447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд.
Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Ҳамчунин 2 ҳазору 605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боз дошта шуд.
Дар ин давра 431 (2021-390) ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1 ҳазору 944 (2021-2818) ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.
Дар 6 моҳи соли 2022 бар асари 482 (2021-472) ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 (2021-537) нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 472 (2021-555) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳодисаи сӯхтор кам мебошад.
Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор (2021-16 млн 722 ҳазор) сомонӣ зарари моддӣ расидааст.
Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 3 нафар ноболиғон мебошанд.
Дар ин давра аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД 15 чорабинии варзишӣ, аз инҳо 2 мусобиқаи кушод (спартакиада) байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, 13 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 2 вохӯрӣ бо варзишгарон, инчунин 105 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол ташкил ва гузаронида шудааст.
Инчунин, дар ин давра варзишгарон ва дастпарварони аъзои дастаи Шӯрои мазкур дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 45 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи садаманокӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия
Манбаъ: www.vkd.tj