Шӯрои олимпии Осиё (OCA) санаҳои нави 19-ум Бозиҳои Осиёро дар Ҳангжоуи Чин эълон кард. Бозиҳо соли оянда аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор хоҳад шуд. Дар ин бораи Кумитаи миллии олимпии ҶТ дар такя ба маълумоти Кумитаи иҷроияи OCA хабар додааст.
Дар ибтидо 19-ум Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 мавқуф гузошта шуд.
Гурӯҳи корӣ барои муайян кардани санаҳои нав тайи ду моҳи охир бо Кумитаи олимпии Чин, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу (HAGOC) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои дарёфти равзанаи бозиҳо, ки бо дигар чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ мухолифат намекарданд, баҳсҳои гуногун анҷом дод. Санаҳои тавсияшуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи OCA тасдиқ карда шуд.
“OCA ба HAGOC ва Кумитаи олимпии Чин барои заҳматашон дар омодагӣ ба Бозиҳо дар давраи пандемия ва таъмини баргузории онҳо дар соли оянда миннатдорӣ баён мекунад. OCA инчунин мехоҳад, ки барои сабрашон ба кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалӣ/федератсияҳои Осиё ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳори сипос намояд”, – омадааст дар барқияи Шӯрои олимпии Осиё.
Ба барномаи 19-ум Бозиҳои Осиё 40 намуди варзиш – 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Ҳудуди 10000 варзишгар аз 45 давлати қора барои 482 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд. Кишварҳои Уқёнус низ барои иштирок дар баъзе намудҳои варзиш даъват карда мешаванд, аммо дар сурати ғолибият ба онҳо медали ифтихорӣ тақдим мегардад.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, бозиҳои Осиё зери сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё аз соли 1951 ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунад ва то имрӯз сазовори 27 медал – 4 тилло, 6 нуқра, 17 биринҷӣ гардидааст.