“Ҳарчанд донишгоҳи мо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро рақиби асосӣ менонад, аммо бо ДМТ рақобат кардан хеле сахт аст” – иброз дошт, ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти хабарӣ.
Тавре маълум аст, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мавқеи махсуси худро дорад. Ин ҷанбаро ба назар гирифта, мо аз роҳбарияти донишгоҳ суол кардем, ки рақиби асосии худ кадоме аз донишгоҳҳои кишварро меҳисобанд? Ректори донишгоҳи мазкур Тоҳир Хоҷазода далели асосии рақобатпазир набудани ДСТР-ро бо ДМТ дар он мебинад, ки: “ДМТ махзани бузурги илмии кишвар мебошад”:
Ҳамзамон Тоҳир Хоҷазода дар бозори меҳнат талабот ба хатмкунандагони Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон хуб арзёбӣ намуда, қайд кард, ки пойгоҳи таҷрибавии донишгоҳ дар миёни донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия натиҷаи назаррасро ба даст овардааст.
Инчунин зикр шуд, ки дар моҳи июни соли 2021 дар самти омоданамоии бакалавр ва мутахассисони шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ 4215 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шуда, то моҳи июни соли 2022 аз ин теъдод 809 нафар хориҷ ва 1419 нафар барқарор карда шудаанд. Сабаби хориҷ гардидани 809 нафарро ректори донишгоҳ Тоҳир Хоҷазода дар хуб аз худ накардани барномаи таълимӣ ва дигар омилҳои мавҷуда донист.
Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо 175 донишгоҳҳои бурунмарзӣ ва дигар созмонҳои илмии Россия, ИДМ, Осиё ва Аврупо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар донишгоҳ 315 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз 11 давлат таҳсил намудаанд. Аз ин теъдод шумораи зиёди муҳассилин аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Россия мебошанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”