Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифмзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 15 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими навбатии тақдим гардидани 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 2 нақлиёти рефережатор, маникенту фантомҳо барои тибби оилавӣ, таҷҳизоти компютерӣ, ноотбук ва планшетҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои ноҳияҳои нав шомили лоиҳа гардида, борхалтаҳои тиббӣ, маводҳои иттилоотӣ, маҷмуи дастурҳои клиникӣ ва дастурамалҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифмзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифмзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон оид ба рушд, соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно рӯ ба рушду нумӯъ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад.
Гуфта мешавад, густариш додани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷаҳонӣ ва махсусус Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз, тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад, аз зумраи лоиҳаҳои бобарор дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки тули солҳои татбиқи барномаҳои лоиҳа дар низоми муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ тағироти назаррас ба миён омад. Дар баробари дигар самтҳои фаъолият, яке аз ҳадафи аслии лоиҳа таъмини муассисаҳо бо нақлиёти тиббӣ маҳсуб меёбад.
Дар рафти баргузории чорабинӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.