ТОКИО МИЗБОНИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК ДАР СОЛИ 2025 ЭЪЛОН ШУД

Шаҳри Токиои Ҷопон мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2025 эълон шуд. Чорабинӣ дар Варзишгоҳи олимпӣ доир мегардад.

Ин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ дар остонаи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар соли 2022 гирифта шудааст.

Соли 2025 дар назар аст, ки истеъдодҳои варзиш ба Варзишгоҳи навсохт баргарданд, ки тобистони соли гузашта, зимни баргузории Бозиҳои олимпӣ, мухлисон бинобар сабаби пандемия аз ҳузур дар он маҳрум буданд.

Ин чорабинӣ ба садсолагии таъсисёбии Ассотсиатсияи федератсияҳои варзиши сабуки Ҷопон (JAAF) рост меояд.

Шаҳрҳои дигари номзад Найробӣ, Силезия ва Сингапур буданд. Аммо Токио дар арзёбии дархост дар чор самти нигаронидашуда баҳои баландтаринро ба даст овард – потенсиал барои тавсифи пурқувват, имкониятҳои тавлиди даромад барои варзиши сабуки ҷаҳонӣ, маконе, ки обрӯи байналмилалии варзишро афзоиш медиҳад ва иқлими мувофиқ.

Президенти Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ Себастян Коу ба ҳамаи шаҳрҳое, ки барои омода кардани дархостҳо вақт ва саъю кӯшиш ба харҷ дода, садоқати худро ба варзиши сабук нишон доданд, изҳори сипос кард ва аз Шӯро хоҳиш кард, ки бо ҳамаи онҳо имкони дар оянда баргузор кардани чорабиниҳои ҷаҳонии варзиши сабукро муҳокима кунанд.

Қарор аст, ки 18-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук имрӯз – 15 июл – дар Юҷини штати Орегон (ШМА) оғоз шавад. Чемпионати ҷаҳон соли 2023 бошад, дар Будапешти Маҷористон доир мегардад.

Манбаъ: www.olympic.tj