“Бо рушди имкониятҳои молиявии донишгоҳ ҳаракат мекунем барои омӯзгорон манзили истиқоматӣ созем. Дар ҳоли баръакс ваъда дода наметавонем.” – гуфт, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти хабарӣ.
Чӣ хеле ки медонем имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодии омӯзгорон зиёд гардида, аз ҷониби ҳукумати мамлакат низ пайваста тадбирҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи зисту зиндагонии омӯзгорони кишвар андешида мешаванд. Суоли мо низ аз роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (ДАТ) ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар робита ба дастгирии омӯзгорон буд. Ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода посух дод, ки аз солҳои дуҳазорум оғоз карда аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба омӯзгорон 10 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни замон он ба деҳа мубаддал гаштааст.
Усмон Маҳмадёрзода ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамзамон қайд кард, ки айни ҳол 40 омӯзгори ҷавони донишгоҳ бо хобгоҳ таъмин мебошанд ва шароити зисту зиндагонии онҳо зери назорати донишгоҳ мебошад.
Тавре маълум аст, роҳбарияти ду донишгоҳи олии кишвар ДМТ ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ тасмим доранд 300 нафар омӯзгори ниёзмандро бо манзили зист таъмин намоянд. Аз ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода суол кардем, ки оё ДАТ низ тасмим дорад чунин иқдомро пеша намояд? Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода дар ин бора гуфт, ки: “Он чизе, ки анҷом додем, аслӣ аст, гуфтем. Мо таҳлил менамоем, оянда имконияти молиявиамон хуб шуд, месозем. Лекин ҳоло чизе мо гуфта наметавонем”.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар донишгоҳи мазкур 460 устод, аз он 7 академик, 8 узви вобастаи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва АИКТ, 47 доктори илм, 54 профессор, 151 номзади илм ва 250 омӯзгори беунвон фаъолият менамоянд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”