19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид, хабар доданд аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин ёдгориҳо дар ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Подшоҳиии Мароко баргузор гардид, тасдиқ гардидаанд.
Гуфта мешавад, аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад ба феҳристи пешакӣ ворид шуданд.
Парвандаҳои бахши ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия шуда, ба дафтари марказии созмони ИСЕСКО тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардида буд.