Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат сурат гирифт.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин тақвияти ҳамкорӣ дар самти танзими масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ буда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ ҳамкориро тақвият хоҳанд дод.
Зикр шудааст, ки зимни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат дар самти таҳлил ва дурнамосозии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсули Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳайати баландпояи Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон вориди Душанбе шуданду бо мақомоти кишвар самти ҳамкорӣ дар бахши шуғл ва бозори меҳнатро баррасӣ карданд.