Раҳматулло Фузайлов сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин шуд.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Зайниддин Раҳимов бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд ва ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз дастаи наврасон рафт.
“Бо қарори ФФТ собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки қаблан роҳбарии бошгоҳҳои КМВА, «Куктош», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафарободро ба уҳда дошт, сармураббии нави мунтахаби наврасони кишвар таъйин шуд”, – омадааст дар хабарнома.
Раҳматулло Фузайлов дар гузашта дар тимҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳайси футболбоз ҳунарнамоӣ кардаст.
Дар ҳайати “Нефтчӣ” -и Фарғона вай ду маротиба дар чемпионати Ӯзбекистон медалҳои нуқра ба даст овард, соҳиби Ҷом гардид. Ғайр аз ин, аз соли 2000, ӯ дар чор клуби Русия – “Шинник Ярославл”, “Алания Владикавказ”, “Лада Тольятти”, “Носта Новотроицк” бозӣ мекард.
Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашт ва дар дастаи “ССКА-Помир”-и Душанбе шомил шуд ва аз соли 2008 дар чемпионати Тоҷикистон дар бошгоҳҳои “Энергетик”, “Вахш”, “Регар-ТадАЗ” пайваст.
Маълум аст, ки Фузайлови 42-сола ба мураббигӣ соли 2016 дар дастаи “ССКА-Помир” шурӯъ намуда, сипас мураббии “Куктош” буд ва баъдан ба тамрини тими “Равшан”-и Зафаробод пардохт. Аз лағви қарордоди Фузайлов бо тими Зафаробод моҳи июни соли равон хабар дода шуд.
Таъйини сармураббии нави тими футболбозони то 17-сола дар ҳолест, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 ин даста дар гуруҳи “Н” бозӣ мекунад. Рақибони тими Тоҷикистон дар ин гуруҳ мунтахаби Афғонистон, Тимори шарқӣ ва Муғулистон мебошанд. Бозиҳои гурӯҳи мазкур аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст.