Дар маҷмӯа намунаи асарҳои адибони олам дар васфи Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони халқҳои дунё ва тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ гирд оварда шудааст.
Абдуқаҳҳор Қосим муаллиф ва мураттиби ин китоб дар суҳбат бо радиои “Тоҷикистон” иброз намуд, ки андешаҳо ва эҷодиёти адибони дунё дар васфи Тоҷикистон аввал бо забони асл ва дар идома бо тарҷумаи тоҷикӣ оварда шудаанд.
“Дар ин китоб меҳрномаи адибони ҷаҳон дар васфи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди мо бо адибони дунё мебошад, ки ваҳдату якдилӣ ва меҳру муҳаббати аҳли адаби қаламкашонӣ ҷаҳонро инъикос менамояд. Китоби мазкур метавонад дар баланд бардоштани ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус наврасону ҷавонон нақши боризе дошта бошад. Ҳамзамон ман барои дастгирии моддию маънавӣ ба Муовини якуми ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор изҳори сипоси худро мерасонам. Ва ин китобе, ки ман омода намудаам. Рисолати шаҳрвандӣ ва ҳизбии хеш медонам.”- Абдуқаҳҳор Қосим
Китоб 408 саҳифаро дарбар гирифта, осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 70 муаллиф, аз ҷумла се нафар аз Тоҷикистон ва аз кишварҳои гуногунро гуноҷоиш додааст. Эҷодиёти адибон аз мамолике ба монанди Эрон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон,Узбекистон, Озарбойҷон, Курдистон, Амрико, Олмон, Колумбия, Непал, Лаҳистон, Чин, Мекиска, Канада, Покистон, Дания, Эквадор, Нигерия, Индонезия, Юнон, Панама, Ҳиндустон, Испания, Сербия, Бангладеш, Бразилия, Туркия, Беларус, Молдова ва ғ. доир ба кишвари мо ва дастовардҳои он тарҷума гардидаанд.
Баргардонии осори назму насриро тарҷумонҳо Абдуқаҳҳори Қосим, Султонмуроди Одина, Камолиддин Бобоев, Ҳайбатулло Шодиев ва Нодира Собирзод анҷом додаанд. Бахтиёр Ҳамдамов, Сантош Кумар-Непал ва Екатерина Володина-Русия муҳаррирони ин маҷмӯа мебошанд.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”