Овозхони рус, солисти собиқи гурӯҳи “Ласковый май” Юрий Шатунов дар синни 48-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС котиби матбуотии ӯ Аркадий Кудряшов рӯзи панҷшанбе хабар додааст.
“Имрӯз дар мошини ёрии таъҷилӣ дили Юрий Шатунов аз тапидан монд”, – гуфтааст Аркадий Кудряшов ба ТАСС.
Сабабҳои марги ногаҳонии ӯ шарҳ дода нашудааст.
Юрий Шатунов 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кумерта Бошкирдистон таваллуд шудааст.
Ӯ дар миёни тоҷикони низ ҳаводорони зиёд дошт.