Гуштингири тоҷик Суннат Абдуллоев Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дар вазни -65кг мақоми дувумро ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ 19 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон оғоз ёфт.
Суннат Абдуллоев дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад.
“Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд”, – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи аввали мусобиқа Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Бояд гуфт, ки бори аввал аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гўштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола фардо ва пасфардо бо рақобатҳои духтарон ва писарон дар равияи гўштини озод идома меёбад. 23 июн қувваозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола оғоз мегардад.