Конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии “Ваҳдати миллӣ”дар АМИТ

Имрӯз дар толори Раёсати АМИТ, бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 25-солагии рӯзи “Ваҳдати миллӣ” дар мавзуи “Самаранокии татбиқи ҳуқуқ ҳамчун омили таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ” баргузор гардид. Дар ин бора радиои “Тоҷикистон” дар истнод бо АМИТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, конфронсро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, дар мавриди ҷойгоҳ ва арзиши ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тоҷикистонӣ изҳори назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки даст ёфтани миллати мо ба ин дастоварди бузург нишони бедорӣ ва ифтихороти баланди давлатдориро таҷассум менамояд.

Инчунин дар бахши пленарӣ Муҳаммад А., Назар М., Маҳмудзода М., Раҳимзода М., Бобоҷонзода И. Нематов А., Шарофзода Р ва Ғаюров Ш. суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсия дар бахши 2-юм маърузаи 33 нафар муҳаққиқону донишмандон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.