Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар КМТ бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва дастгирии Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита ба ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеат шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Умед Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оғоз гардид. Номбурда зикр кард, ки масоили ҳадафҳои рушди устувор дар кишвари мо рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Бинобар ин аҳамияти хоссаро муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди устувор барои ҶТ касб менамояд.
Аҳад Содиқов сардори шӯъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гуфт, ки мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза ин иҷрои самараноки “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 25 сентябри соли 2015 қабул гардидааст, мебошад.
Дар конфронс масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳвандӣ вобаста ба самтҳои фаъолият дар доираи 17 ҳадафи муайяннамудаи СММ маърӯза намуданд. Аз ҷумла Нигина Ализода муовини аввали Вазири адлияи ҶТ дар мавзӯи “Нақши Вазорати адлияи ҶТ дар амалисозии Ҳадафи 16 Ҳадафҳои Рушди Устувор” маърӯза карда баён дошт, ки дар кишвар аз ҷониби Вазорати адлия пайваста корҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кӯмакҳои ройгон расонида шудааст. Ҳамзамон маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои “Саҳми Агентии омори назди Президенти ҶТ дар пешниҳод ва таъмини индикаторҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030”, “Ҳадафҳои Рушди Устувор ва санадҳои стратегии ҶТ барои давраи то соли 2030”, “Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдар дар ҶТ дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор”, “сотрудничество в рамках реформы в системе правосудия в отношении детей в Таджикистане. Достигнутые результаты в соответствии с Целями устойчивого развития и Среднесрочной программы развития РТ”, “Таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоӣ – давлатии ниёзмандон дар ҶТ дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор”, “Пешбурди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шарти зарурии ноил шудан ба рушди устувор”, “Масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳошияи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор”, “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии ҶТ барои тасдиқ ва амалишавии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”, “Татбиқи сиёсати гендерии Тоҷикистон ва нақши занону бонувон дар рушди устувор”, “Пешбурди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ шарти зарурии ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои рушди устувор”, “Ба амал баровардани адолати судӣ дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор”, “сотрудничество организаций гражданского общества Таджикистана с Правительством Республики Таджикистан в рамках Универсального периодического обзора” ва “Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии Ҳадаҳои Рушди Устувор” ироа гардид, ки пас аз садо додани чор маърӯза дар доираи онҳо муҳокимаҳо сурат гирифт.
Конфронс имрӯз то соати 16:00 идома ёфта, дар ҷамъбасти чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои конфронс ба фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати таъмин намудани риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон зимни амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии Тоҷикистон ва СММ такони тоза мебахшанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”