Имрўз дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе байни Клуби футболи «Истиқлол» ва Ширкати ватании Тисел баҳри рушди футболи даста шартнома ба имзо расид.
Дар ин чорабинӣ аз тарафи Клуби футболи «Истиқлол» ноиби президенти клуб Муҳсин Муҳаммадиев ва аз тарафи Ширкати зикршуда директории минтақавии он дар шаҳри Душанбе Алишер Холиқназоров ҳуҷҷатҳоро ба тасвиб расонданд. Дар ин хусус зимни суҳбат ба ҳамкорамон Машраби Холмаҳмад роҳбари Хадамоти матбуотии Клуби футболи «Истиқлол» Рустам Ҳакмов ибрози дошт, ки ин шартнома муҳлати як солро дарбар мегирад.
Дар рафти иҷрои шартнома тарафҳо уҳдадор шуданд, ки бештар ба рушди футболи наврасон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бино ба иттилои Рустам Ҳакимов дар чанд бандҳои шартнома гуфта шудааст, ки бозингарони Клуби футболи «Истиқлол» вобаста ба вазъияти шароиташон Ширкати Тселро дар ҳама минтақаҳои кишвар тарѓиб мекунанд ва Ширкати ватании Тисел зимни ин шартнома уҳдадор шудааст, ки Клуби футболи «Истиқлол»-ро дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон, суперҷоми Тоҷикистон ва бозиҳои рафиқонаи байналмилалӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамояд.
Тибқи шартномаи тарафайн низ Клуби зикршуда уҳдадор шудааст, ки логотипи Ширкати ватании Тселро дар ҳама пироҳани бозингарони дастаи «Истиқлол» ва дастаи футболи хурди номбурда насб намояд. Мувофиқи шартнома он чорабиниҳое, ки Ширкати Тисел ба роҳ мемонад ситоди мураббиён ва бозингарони дастаи «Истиқлол» ширкат мекунанд,- таъкид кард роҳбари Хадамоти матбуотии Клуби футболи «Истиқлол» Рустам Ҳакмов
Машраби Холмаҳмад
радиои «Тоҷикистон»