Муовини сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Сабр дар вохӯрӣ бо ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ ҳавасманди ҳамкориҳо дар самти забономӯзӣ дар ДМТ аст. Дар ин бора радиои “Тоҷикистон” бо истинод ба сомонаи расмии ДМТ хабар медиҳад.
Зимнан гуфта шудааст, ки Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон омодааст бо муассисаҳои илмию таълимӣ ва марказҳои забономӯзии Арабистони Саудӣ равобитро густариш бахшид ва дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳро ба роҳ монад.
Ба иттилои манбаъ зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули устодону донишҷӯён ва тақвият додани раванди забономӯзӣ суханронӣ табодули афкор намуданд.