Ду нафар шиноварони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон иштирок менамоянд

Аз 18-уми июн то 3-юми июл дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ баргузор мегардад. Ин мусобиқа 19-ум чемпионати ҷаҳон аз ин навъи варзиш ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари моро дар ин чемпионати ҷаҳон ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов зери роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқа соли 2021 бояд дар Фукуокаи Ҷопон баргузор мегардид. Лекин пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021, чемпионати ҷаҳон ба соли 2022 гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири варианти “Omicron” ва чораҳои пандемия, дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 ба мавқуф гузошта мешавад.

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) рӯзи 7-феврал эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18-ум июн то 3-юми июли соли 2022 хоҳад буд.