Дар ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ корхонаи тавлиди сементи “Фон – Семент” бунёд мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Фармоишгари ин корхона ҶДММ “Фон – Семент” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Саноатсоз” омода гардидааст.
Бо бунёд гардидани корхонаи мазкур фармоишгар нақша дорад дар давоми сол то 100 ҳазор тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур мувофиқи нақшаи фармоишгар бояд дар давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад.
“Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд”, – омадааст дар иттилоия.