Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «IQ-FISO» соҳиби 39 медал шуданд

Акси марбут

Хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO”, ки 28 май тариқи фосилавӣ аз фанни мантиқ баргузор гардид,  39 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар озмуни мазкур 1271 нафар хонандагон аз 20 кишвари дунё ширкат варзиданд. Дар ин Олимпиада 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят – Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 категорияи синну солӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки хонандагони  «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон 35 медал,  Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 3 медал ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 4- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 медал ба даст оварданд.