Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешавад