Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 12-уми вазирони кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Роҳбари ҳайат аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба мизбонони Конфронс — ҳукуматҳои Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуда, вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 соли узвият дар ин созмон, мавқеи кишвар вобаста ба масъалаҳои глобалии марбут ба савдо, бахусус пайомадҳои манфии буҳронҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, энергетикӣ, тағйирёбии иқлим, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди кӯмаку дастгириҳо барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳои камдаромад суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои 2013-2021 Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнаи иқтисодиро 7 фоиз таъмин намуд ва шумораи шарикони тиҷоратиро то ба 110 кишвар афзоиш дод.
Гуфта мешавад, кори Конфронси 12-уми вазирони СҶС то 15 июн идома ёфта, дар ҷамъбасти он вобаста ба масъалаҳои савдои глобалӣ, вокуниши СҶС ба пандемия ва нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳо, ислоҳоти СҶС, кишоварзӣ, хидматрасониҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра эъломияи вазирон қабул мешавад.
Баргузории Конфронси 13-уми вазирони СҶС дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар аст.
Ёдовар бояд шуд, ки Конфронси вазирони иқтисод ва савдо мақоми олии роҳбарикунандаи СҶС ба ҳисоб рафта, дар он қарорҳои муҳими марбут ба савдои ҷаҳонӣ қабул карда мешаванд.