Ҳунармандони тоҷик ба Русия мераванд

Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои русии хориҷӣ дар Тамбов иштирок мекунад.

Тавре аз театри мазкур хабар доданд, ҳунармандони Театри Маяковский рӯзи 18-уми июн дар саҳнаи театри Тамбов бо намоишномаи “Ханума”, ки аз ҷониби коргардон Хуршед Мустафоев аз рӯи асари драматурги гурҷӣ Авксенти Сагарели ба саҳна гузошта шудааст, ҳунарнамоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора аз сӯйи бунёди “Стремление” бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия барпо мегардад.

Қарор аст, дар он беш аз 200 ҳунарманд аз ҳафт кишвар – Абхозистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат намоянд.

Гуфта мешавад, ки пас аз баргузории ҷашнвора ҳунармандони Тоҷикистон сафари худро идома дода, бо намоишномаи “Шаб дар театр” ба Сарански Мордовия мераванд.