Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намудааст.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм, дар мулоқот Раҳим Саидзода бо изҳори қаноатмандӣ иброз намудааст, ки бо мақсади иҷрои ташаббуси роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба бозбинии соҳаи маориф дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷанбаҳои имконпазири таҷдиди соҳа дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ машваратҳо баргузор гардиданд.
«Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли равон дар доираи ҳафтаи баландпояи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Саммити таҷдиди назари соҳаи маориф баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур таҷдиди назар карда мешаванд», – гуфтааст Раҳим Саидзода.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад дар навбати худ аз ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо СММ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр доштааст, ки баъди пандемияи КОВИД-19 баргузор намудани чунин як конференсияи сатҳи баланд дастоварди хеле бузург аст.
«Пандемияи КОВИД-19 исбот кард, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассос барои наҷоти инсоният танҳо илм ва дониш муҳимтарин васила ба шумор меравад ва аксарият дарк карданд, ки маҳз илму дониш арзиши олӣ мебошад», — таъкид кардааст Амина Муҳаммад.
Гуфта мешавад, баъд аз мулоқоти расмӣ меҳмонон бо раванди кор дар «Маркази таълимӣ ва омӯзиши инноватсионӣ» шинос шуданд.