Имрӯз рӯзи дуюми баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аст, ки дар “ бевосита ҷараён дорад. Аз ҳисоби хабарнигорони радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он ҳайати кормандон барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар макони баргузорӣ қарор доранд.
Шурӯъ аз рӯзҳои аввали чорабинӣ ҳайати мазкур бо намояндаҳои алоҳида суҳбатҳо анҷом дода, онҳоро ҳам тавассуи пахши мутсақим, ҳам барномаву нашрҳои алоҳида ва ҳам тавассути сомонаҳои расмиву шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ пешниҳод намуда истодаанд.
Дар ин замина ин лаҳза дар “Кохи Сомон” хабарнигори мо Мирсаиди Хайрулло бо Далер Ҷумъа Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат дошт, ки муҳтавои онро дар шакли фишурда пешниҳод менамоем:
Ба зикри Далер Ҷумъа, роҳандозии конфронси мазкур нишон дод, ки таваҷҷуҳи тамоми кишварҳо ба мавзӯи норасоии оби ошомиданӣ равона шудааст. “Ба ҳамагон маълум аст, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доранд ва Президенти кишвари мо имрӯз бо роҳандозии ин конфронси сатҳи баланд бори дигар ҷаҳониёнро даъват карданд, ки ба масъалаи об таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, зеро манбаи асосии тамоми обҳои нӯшокӣ ин пиряхҳоянд, вале мутаассифона, имрӯз бо сабаби тағйирёбии иқлим аксарияти онҳо об шуда истодаанд. Аз ҷумла, пиряхи дарозтарину калонтарини ҷаҳон, ки ба номи Федченко гузошта шудааст, об шуда истодааст”, – зикр дошт вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Ба таъкиди Далер Ҷумъа, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ниҳодҳои байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои ҷудогона ва шарикони рушд дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодаанд.
“Боиси ифтихор аст, ки соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки кишвари Амрико таҳти раёсати Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир мегардад. Конфронсҳои мазкур моро водор менамоянд, ки акнун бештар амал кунем, на андеша, зеро суҳбату мулоқотҳо бо намояндаҳои расмии кишварҳо нишон дода истодаанд, ки дар ин самт ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд. Аз ин рӯ, мо бояд бештар ҳаракат кунем, то ин масъалаҳоро бартараф намоем”, – гуфт Далер Ҷумъа.
Мирсаиди Хайрулло