Қисмати 2-юми Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Дар он масъалаҳои «Рӯзномаи амалиёти об: аз Душанбе 2022 то Ню Йорк 2023», “Ҳалли бо далел асосёфта барои беҳтар кардани ҳамкориҳои обҳои фаромарзӣ дар шохобҳои хурди сарҳадгузар дар дарёҳои Осиёи Марказӣ», “Воситаҳои рақамӣ ва омӯзиши электронӣ дар соҳаи идоракунии обҳои фаромарзӣ”, “Обҳои зеризаминӣ: аёнсозии ноаён”, “Нақши ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо”, “Тағйирёбии иқлим, амнияти об ва муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ: Муколама бо ҷонибҳои манфиатдор ва шарикон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Конфроси мазкур бо суханони ифтитоҳии Султон Раҳимзода, сардори раёсати кумитаи иҷрояи бунёди наҷоти Арал, ҳамраиси раванди оби Душанбе оғоз шуд.
Дар он намояндагон, коршиносон, сиёсатмадоран аз дохил ва хориҷи кившар иштирок доранд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси дуюми Душанбе, ки тули ин чанд рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад ва Конфронси оби СММ дар соли 2023 хеле зиёд аст ва ҷонибҳои гуногун дар раванди омодагии он иштироки фаъол доранд.
Нушофарин Олимова